РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Дар ноҳияи Мурғоб боғи нав бунёд гардид

Дар доираи амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вусъати тоза пайдо намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Дар ин росто, 14 апрели соли равон дар ноҳияи дурдасти Мурғоб бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1 гектар боғи нав бунёд гардид.

Дар дохили боғи навбунёд дарахти бед, ки дар шароити ноҳия нашъунамои хуб дорад, инчунин ба таври таҷрибавӣ хучу ангат низ шинонда шуд.

Боғи навбунёд дар солҳои минбаъда ба як макони фарҳангӣ фароғатӣ табдил дода шуда, дар ин ҷо тамоми шароит барои тафреҳ ва бозии кӯдакон муҳайё карда мешавад.

Сокинони ноҳияи Мурғоб, ки як дилона дар бунёди боғ меҳнат намудаанд, барои чунин иқдомҳои неки Роҳбарияти Олии мамлакат ва Раиси вилоят дар изҳори хушнудӣ намуданд.

Дар суҳбат бо сокинони ноҳия, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид дошт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин макони зебову овозадор бараъло эҳсос карда мешавад. Бо дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар ноҳия иншооти замонавӣ ва баландошёна сохта шуда истоданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, идораву муассисаҳо зиёда аз 10 ҳазор дарахти бед, 400 адад хуч, 400 намуд ангат ва гули садбарг шинонда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram