Дар арафаи таҷлили 145 –солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ, ки 15 апрел ҷашн гирифта мешавад, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро 90 китоби тозанашр тақдим намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар доданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди Осорхонаи Устод Айнӣ гирифта шудааст.
Адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ирсол гардида, ба ин муассисаи фарҳангӣ дастрас гардид.
Роҳбарияти Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ изҳор доштааст, ки дар арафаи таҷлили 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ тақдими адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар самти мукаммал гардонидани фонди Осорхонаи Устод Айнӣ туҳфаи хуб маҳсуб мешавад.