РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони ноҳияи Мурғоб расонида шуд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба ятимони кулл ва яктарафи ноҳияи Мурғоб кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Кумаки навбатӣ аз намуди маводи ғизоӣ ба 181 нафар ятими яктарафа ва барои 13 нафар ятими кулл сару либос дастрас карда шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз барои ятимони кулл дастархони идона ороста шуд.

Зимни расонидани кумаки навбатӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр кард, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ятимон хеле зиёд буда, дар заминаи ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбарияти Олии мамлакат барои ин қишри ҷомеа тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур низ аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи дастгирии ятимон ибрози назар намуд ва афзуд, ки дар ҷавоб ба чунин дастгирҳо мо бояд ҳамеша талош бар он намоем, ки дар ободӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram