РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

УСТОД АЙНӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

БА ИФТИХОРИ 145-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ УСТОД

Рӯзномаи «Овози тоҷик» дар таърихи тамаддуни миллии мо ҳамчун мактаби тарбияи кадрҳои журналистӣ, ҳамчун василаи ташкил ва ташаккули матбуоти нави тоҷик шинохта шудааст. Албатта, ин бесабаб нест, зеро муҳити сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии шаҳри Самарқанд боис гардид, ки дар ин ҷо мактаби ташаккули кадрҳои фарҳангию адабии миллии мо пайдо шаванд. Муҳаққиқони таъриху фарҳанг, адабиёту журналистикаи тоҷик аз ҷумла, З. Ш. Раҷабов, М. Р. Шукуров, Х. Мирзозода, Р. Ҳодизода, М. Ш. Бухороӣ, М. Бобохонов, Р. Набиева, Р. Масов, Ш. М. Султонов, И. Усмонов, Н. Ҳотамов, А. Маниёзов ва бисёр дигарон дар хусуси муҳити сиёсиву маънавию фарҳангию иштимоии Самарқанд бисёр навиштаанд. Вале, мо ба он нуқта такя карданӣ ҳастем, ки ҳамин муҳити сиёсӣ, адабӣ, фарҳангию эҷодӣ маҳз дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чӣ гуна инъикос ёфт ва ҳамин рӯзнома ба ҳуввияти миллии тоҷикон то чӣ андоза таъсир гузошт? Худшиносии мардум то чӣ андоза боло рафт? Назҳати худогоҳӣ ва танвири афкори мардум чӣ гуна шакл гирифт? Дар ин маврид се масъала ба таври фавқуллода шарҳу эзоҳ меҳоҳад.

Аввалан, чӣ гуна ашхос дар «Овози тоҷик» бо навиштаҳои публитсистӣ баромад мекарданд. Ин мақолаҳо ё маводҳо дарди замонро чӣ гуна инъикос мекарданд ва навиштаҳои онҳо ба чӣ ҳад воқеаҳои таърихи замонро равшан менамуд.

Дуюм, кормандон ва ходимони адабии рӯзномаи«Овози тоҷик» чӣ гуна мактабҳои касбӣ таъсис медоданд, ҳаракати мухбирони коргару деҳқонро ташкил менамуданд, дар назди мухбирони коргару деҳқон вазифа мегузоштанд ва ба ин васила сабабҳои ба вуҷуд омадани рӯзномаҳои деворӣ ва маҳфилҳои журналистӣ на танҳо дар Самарқанд, балки дар аксари минтақаи тоҷикнишини Осиёи Миёна мешуданд.

Сеюм, бо ташаббуси кормандони рӯзномаи«Овози тоҷик» ва меҳнати шаборӯзии ходимони вай замимаҳо ба вуҷуд меомаданд ва онҳо дар умури иҷтимоӣ ва сиёсию адабии мо чӣ гуна мавқеъ доштанд. Бахусус саводноккунии халқ дар ҷойи аввал меистод ва он чӣ гуна сурат мегирифт? Ходимони рӯзнома чӣ гуна корҳоро анҷом медоданд? Баррасии ин масъалаҳо аз қувваи эҷодии рӯзномаи «Овози тоҷик» шурӯъ мешавад, ки боиси ифтихор аст.

Устод Айнӣ дар таърихи матбуоти тоҷик ва публитсистикаи он на танҳо аз қабили бунёдгарони он эътироф шудааст, балки вай омӯзгор ва мураббии гурӯҳи калони публитсистони шӯроии тоҷику узбек низ эътироф шудааст. Дар ин ҷо бомаврид аст, ки аз мақолаи олими тоҷикшиноси чех доктор Иржи Бечка ёдовар шавем. Вай дар мақолаи худ «Нависанда ва олим», ки дар маҷаллаи «Академия-Праҳа» чоп шудааст, доир ба фаъолияти нависандагӣ, олимӣ ва публитсистии устод Айнӣ сухан ронда, аз ҷумла боифтихор чунин менависад: «Садриддин Айнӣ асосгузори педагогикаи нави тоҷик, публитсистикаи нави тоҷик ва ӯзбек буда, ҳамчунин дар тарбияи ҳамаи адибоне, ки дар солҳои 20-30-юм зиндагӣ кардаанд, хизмати арзанда дорад».

Воқеан, устод Айнӣ ҳамчун асосгузори публитсистикаи шӯравии тоҷик медонист ва бо боварии комил таъкид менамуд, ки таъсиси матбуоти оммавӣ боиси пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқи тоҷик мегардад. Ӯ дар симои матбуоти навташкили шӯроии тоҷик мактаби саводомӯзӣ, мактаби зиндагиро, мактаби ҳаёт ва пешравиро медид. Ба ҷавонон рӯ оварда навишта буд: «Ҳама якдилу як забон шуда чанг ба домани рӯзнома занем, яъне фурсатро аз даст надода ба воситаи рӯзномаҷот фикри худро танвир ва маълумоти худро тавсеъ намоем». Устод Айнӣ нақши рӯзнома ва муҳимияти онро пештару бештар нисбат ба дигарон дарк карда буд. Рӯзнома инъикосгари зиндагӣ ва ҳаёти ҳамарӯзаи халқи тоҷик гардида, ҳамаи воқеаҳоро рӯйи худ меовард.

Бояд гуфт, ки иштироки бевоситаи устод Айнӣ дар матбуоти солҳои бистум маҳз ба рӯзномаи «Овози тоҷик» алоқаманд аст. Ӯ яке аз муассисон ва ходими адабии рӯзномаи «Овози тоҷик» ба шумор рафта, таъсиси онро бо хушнудӣ истиқбол кард. Дар ҳамин рӯзнома беҳтарин мақолаҳои публитсистиаш чоп шудаанд ва ҳатто повести «Одина» ё «Саргузашти як тоҷик камбағал» низ бори аввал дар рӯзнома ба табъ расид, ки моҳияти миллӣ ва ҳувияти миллӣ дошт. Дар як суҳбат нахустмуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Абдуқаюми Қурбӣ, ки аз тул кашидани чопи повести «Одина» ё «Саргузашти як тоҷик камбағал» дар рӯзнома изҳори нигаронӣ карда буд, устод Айнӣ анҷида гуфт: нафаҳмид, ки нафаҳмид… Ҳамин воқеаро Раҳим Ҳошим дар хотираҳояш менависад: «Қурбӣ, ки аҳамияти ин асарро пай намебурд, боре ба устод ба мазмуни «Ин саргузашт бисёр кашол ёфт, инро тезтар кутоҳ кунед» гуфта гап зада буд, ки ин сухани сахт боиси ранҷиши устод ва то ҳадде дилсардии вай аз ин кор гардид. Баъд аз ин гап дар газета нашр кардани қиссаро бас кард ва то даме ки Қурбӣ муҳаррир буд, дигар дар он иштирок нанамуд». Устод Айнӣ, ки ҳувияти баланди миллӣ дошт ва дар он вақт мавҷудияти миллати тоҷикро пантуркистон эътироф кардан намехостанд, мавҷудияташро инкор мекарданд, повести худро «Одина» ё «Саргузашти як тоҷик камбағал» ном гузошт ва дар он ҳаёти як тоҷики камбағалро ба риштаи тасвир кашид. Ин повест моҳият ва рисолати сиёсӣ дошт. Дар ҳамин рӯзнома чоп шудани мақолаҳои публитсистии устод Айнӣ «Қавми тоҷик ва рӯзнома», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Тоҷикони кӯҳистон», «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон», «Кори тоҷикон гул карданист», «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон», «Ба муносибати эълони Ҷумҳурияти Мухтори Тоҷикистон», «Инқилоби Уктубир ва Шарқ»,«Инқилоби Уктубир ва иқтисод»,«Ленин ва Шарқ»,«Матбуоти тоҷик»,«Рӯзҳои таърихӣ»,«Ба муносибати дохил шудани Ӯзбакистон ба иттифоқи Шӯроҳо», «Муборизаи синфӣ дар Чин», «Китобҳои тоҷикӣ», «Адабиёти сурх», «Дар соҳаи табииёт», «Раҳнамои сиёсӣ», «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ», «Ҷашни соли нуҳуми Инқилоби Октябрро чӣ тавр бояд гузаронид?», «Матбуоти сурх», «Ба ошиқони адабиёти тоҷикӣ муроҷиат», «Ҷавоб ё мусоҳиба», «Дунёи нав ва алифбои нав», ки дар солҳои гуногун дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шудаанд, шаҳодати он аст, ки устод Айнӣ барои худшиносӣ, худогоҳии мардуми тоҷик, ҳуввияти миллӣ аз ин минбари баланд аз ҳама бештар истифода кардааст. «Худшиносӣ, — навишта буд профессор Холиқ Мирзозода – аз омӯхтан ва донистани таърихи халқи худ шуруъ мешавад». Бинобар ин устод Айнӣ дар мақолаҳояш ба халқи худ худогоҳӣ ва худшиносиро талқин менамуд ва мақсаду маромаш баланд бардоштани ҳуввияти миллии тоҷикон буд. Ҳадаф ва мақсади аслии ҳамаи ин мақолаҳо исботи мавҷудияти тоҷикон ва қобилияти ташкилотии онҳо мебошад. Ба ғайр аз ин, ӯ таърихи халқашро ҷиддӣ меомӯхту медонист. Зимни таҳқиқу омӯзиши бастаи рӯзномаи «Овози тоҷик» (солҳои 1924-1930) 33 маводи публитсистии устод Айнӣ ба чашм расид, ки аксарияти онҳо бо имзои мустаор навишта шуда, ба табь расидааст. Аз қабили «Сод-Айн»-1, «Син-Мим»-7, «Қоф-Алиф»-5, «Син-Алиф»-1, «С.Айнӣ»-18, «Саидмуродзода»-1 имзоҳои мустаории устод Айнӣ будааст.

Мақолаҳои сершумори адабӣ ва публитсистие, ки устод Айнӣ бо ҳиссиёти баланди шаҳрвандӣ таълиф намуда, дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расонидааст, моҳиятан ҳама ба худшиносии миллӣ, худогоҳии он ва бедории заҳматкашони тоҷик нигаронида шудаанд. Ҷавҳари асосии ҳамаи ин мақолаҳоро нишон додани қобилияти ташкилотчигии тоҷикон, иқтидори давлатдории онҳо, ҳамчун миллат ба роҳи ташаккул ва рушду камол дохил шудани онҳоро нишон медиҳад. Ин мақолаҳо асоси назариявии ташаккули миллати тоҷикро як навъ бунёд гузоштанд. Устод Айнӣ на танҳо ҳамчун шоир, нависанда, публитсист, балки ба сифати як арбоби ҷамъиятӣ, ки биниши равшану дақиқ ва тафаккури амиқ дошт, идрок кард, ки маънавиёти халқро мероси азими мадании аҷдоди он ғано бахшида метавонад. Аз ин навиштаҳои публитсистии устод Айнӣ миллати тоҷик ғизои маънавӣ бардошта, назҳати худогоҳию худшиносии худро боло мебурданд. Маҳз ҳамин навиштаҳои устод Айнӣ ба баланд шудани ҳуввияти миллии мардуми тоҷик мусоидат мекард. Ҳар як мақолаи публитсистии ӯ дунё-дунё маънӣ дошта, дарки фалсафаи ҳаёти сиёсӣ ва иштимоии халқи тоҷикро ифода мекунад. Таъсиси рӯзнома ва дар саҳифаҳои он дарди дили халқро навиштан орзуи Устод Айнӣ буд ва ҳамин бо тақозои вақт даст дод ва ин руйи сурхи халқи тоҷик гардид.

Дар нахустшумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» «Қавми тоҷик ва рӯзнома» ном мақолаи ӯ ба табъ расидааст, ки устод Айнӣ нашри рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ҳодисаи фаромӯшнашавандаи таърихӣ номидааст: «Ин рӯзнома мисли номаш, албатта тоҷик хоҳад буд. Акнун гуфта мешавад, ки қавми тоҷики Туркистон ҳам забон баровард. Акнун метавонад, ки ҳамаи даркориҳои худро ба рӯзномаи худ нависад. Акнун метавонад, ки аз аҳволи олам бохабар шавад. Акнун метавонад, ки дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, ки забони тоҷик аст, ба ҳар кас во намояд».

Баъди ду соли таъсиси рӯзнома устод Айнӣ аз он ёдоварӣ карда, дар мақолааш «Матбуоти тоҷик» менависад: «…Дар арафаи тақсимоти ҳудудҳо рӯзномаи «Овози тоҷик», ки мо имрӯз ҷашни дусолаашро мегузаронем, ба майдон баромад, ба ҳамаи камбудиҳои моддӣ ва маънавӣ дар сари пур шудани ду сол, ба баровардани шумораи садумаш комёб щуд, ки шоёни муборакбодист».

Ба ғайр аз ин, таъкид ба ёдоварист, ки фаъолияти густурдаи публитсистии ӯ маҳз ба ҳамин рӯзнома алоқаманд аст. Мавзӯи публитсистикаи устод Айнӣ хеле фарох, гуногунҷабҳа ва доманадор аст. Мундариҷа ва мавзуъҳои он муҳимтарин воқеаву ҳодисаҳои вақт ва замонро дар бар мегирад. Мубориза барои Ҳокимияти Шӯравӣ, Инқилоб, моҳият ва аҳамияти он дар тақдири халқи тоҷик, Ленин ва мазлумони Шарқ, мактабу маорифи тоҷикон, забон, адабиёт, фарҳанг, илму маданият, матбуот, нашри китоб, нашриёт, алифбои нав ва аҳамияти он, забони рӯзнома асоси мавзуъҳои мақолаҳои устод Айнист. Дар ҷавҳари ин мақолаҳо халқи тоҷик, чун халқи муқимӣ ва қадимӣ меистад.

Устод Айнӣ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Ӯ хизмати бебаҳое дар бунёд ва ташаккули матбуоти тоҷик, публитсистикаи тоҷик кард. Ҳамчунин ӯ ташаббускори бисёр падидаҳои адабиву фарҳангӣ ва ҷамъиятиву сиёсии замони хеш буд. Маҳз эҷоди публитсистии ӯ боиси ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти баланди миллии халқи точик дар нимаи аввал ва охири солҳои бистуми асри ХХ-и тоҷик гардид.

Аъзамҷон Азимов,

профессор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram