РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Айнӣ. Ба муносибати зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Имрӯз дар гулгашти ба номи устод Айнӣ зодрӯзи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, шоир ва нависандаи маҳбуб, Қаҳрамони Тоҷикистон -Садриддин Айнӣ ботантана таҷлил гардид. Дар ҷамъомад Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аҳли илму адаб ва зиёиён ширкат варзиданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи мазкур хабар доданд.

Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни суханронӣ дар чорабинии идона иброз дошт, ки бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим, академик, нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи илмӣ, академики фахрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Саидмуродзода Айнӣ дар давоми умри бобаракат аз худ осори назмию насрии гаронбаҳо гузоштааст, ки дар 15 ҷилд Куллиёт гирдоварӣ карда шудааст.

Устод Айнӣ аз зумраи афродест, ки китоби тақдирсози миллати тоҷикро офаридааст, яъне, ба ин миллат шиноснома додааст. Хотирнишон менамоям, ки пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Садриддини Айнӣ дар шароите, ки забону миллаташро инкор карданд ва русҳо бо ҳамкории пантуркистҳо тоҷикон, -ягона зимомдорони Осиёи Марказиро аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”- ро навишт ва дар он сесад шоирро, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва… аз ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зиндагонӣ мекарданд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. “Намунаи адабиёти тоҷик”- ро дар соли 1926 баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароит чунин фидокорӣ фақат аз мардонест, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд. Садриддин Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд.

Бо мақсади гиромидошт ва абадӣ гардонидани хотираи неки устод 26-январи соли 1955 ноҳияи Заҳматобод ноҳияи Айнӣ номида шуд. Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш Садриддин Айнӣ бо 3 Ордени Ленин, 2 Байрақи сурхи меҳнат ва медалу грамотаҳо мукофотонида шудааст. Хидматҳои устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоён ва бемисли Садриддин Айниро қадршиносӣ намуд ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Дар рафти чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуда, суруду таронаҳои омоданамудаи сарояндагони бахши фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram