РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар рушди илму фарҳанги тоҷик» дар ДМТ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид

15-уми апрел бахшида ба 145 солагии устод Айнӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоишҳои илмию назариявӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

«Устод Айнӣ дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ҳувияти миллии тоҷиконро махсус таъкид мекард». Ин нукта аз ҷониби декани факултети филологияи донишгоҳ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ зимни ифтитоҳи маҳфили илмӣ — адабие, ки таҳти унвони «Устод Айнӣ ва адабу фарҳанги миллӣ» дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода доир гардид, баён шуд.

Ҳамоиш бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи донишгоҳ созмон дода шуда, дар он айнишиносон, устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба ҷойгоҳи устод Айнӣ дар адабиёти тоҷик муфассал суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои устод Садриддин Айнӣ бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Инчунин, дар маросими ифтитоҳи боғи навбунёди Айнӣ Сарвари давлат изҳор доштанд: «Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».

Дар ҷараёни мафҳил Маҳмадизода Қарор – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология, Ҳафиз Раҳмон – муаллими калони кафедраи мазкур ва Кўчарзода Аламхон – профессори кафедра суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, донишҷӯёни факултет аз осори устод Айнӣ шеърҳо қироат карданд.

Дар робита ба ин рӯз бо ташаббуси садорати факултети журналистикаи донишгоҳ зумрае аз устодону донишҷӯёни факултет ба зиёрати оромгоҳи ин устоди бузурги сухану адаб рафта, ёде аз рӯзгору осори устод Айнӣ намуданд. Илова бар ин, бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири бадеии факултети мазкур мизи мудаввар таҳти унвони «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ» доир шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram