РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр. «Таконҳои  беруна ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Муассисаи нашриявии  «Ирфон»  таҳти унвони «Таконҳои  беруна ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» китоби олими иқтисодшинос Ғиёс Ғоибназаровро ба нашр расонид. Дар китоб асосан ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ ва методологии таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шароити таъсири таконҳои берунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора аз Муассисаи нашриявии «Ирфон» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин асари илмӣ арзёбии таъсири таконҳои берунӣ ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи омилҳо гурӯҳбандӣ гардида, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар китоби мазкур зарурати ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ бо мақсади воридоти технологияи муосири истеҳсолӣ ва равона сохтани он ба корхонаҳои дорои таъйиноти истеҳсолӣ бо мақсади таъмини амният ва рушди иқтисодиёти миллӣ, ҳамзамон диверсификатсияи содирот ва воридотивазкунии онҳо асоснок карда шудааст.

Бояд гуфт, ки масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодиёти миллӣ дар шароити  ҷаҳонишавӣ ва таъсири омилҳои берунӣ барои ҳар давлат аҳамияти аввалиндараҷа дошта,  баҳри амалӣ намудани мақсадҳои минбаъдаи рушд шароити зарурӣ муҳайё  менамоянд. Ин нуктаи муҳим соли 2016 зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» хеле нишонрас таъкид гардида буд: «Бояд барои пайдо кардани бозори нави содиротӣ, кам кардани воридоти маҳсулоти истеъмолӣ, паст кардани сатҳи вобастагии мамлакат аз таъсири омилҳои берунӣ, мусоидат ба рушди сохтори воқеии иқтисодиёт ва зиёд намудани қисми даромади буҷети давлатӣ кӯшиш намоем».

Китоби «Таконҳои  беруна ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯёни мактабҳои олӣ ва кормандони илмие, ки муаммоҳои таъмини амнияти иқтисодиёти миллии давлатҳоро дар шароити таъсири такони омилҳои берунӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд, тавсия карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram