РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Деҳқонон аз аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сипосгузоранд

Бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пеш бурдани соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии деҳқонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз ду адад техника барои шудгор намудани заминҳои киштшаванда дастрас гардиданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дастгирии саривақтӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки дар баробари дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат мо бояд содиқона ва софдилона заҳмат кашида, сазовори боварии халқу миллат гардем.

Кишоварзони вилоят аз он ифтихор доранд, ки ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Роҳбарияти Олии мамлакат қарор доранд ва барои пеш бурдани соҳаи кишоварзӣ ва таъмин намудани бозор бо масҳулоти хушсифат ҳамеша аз тарафи Давлату Ҳукумат дастгирӣ ёфта истодаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram