РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Театри ҷавонон нахустнамоиши «Ношинос-32» баргузор мегардад

Пагоҳ, 18 апрел, соати 14.00 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нахустнамоиши «Ношинос-32» дар таҳияи саркоргардони театри мазкур Қамариддин Мирзоев пешкаши тамошобинон мегардад. Дар ин бора аз театри мазкур хабар доданд.

Нақшҳоро дар намоиши «Ношинос-32» ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Абдумуъмин Шарифӣ ва ҳунармандони ҷавони театр Фаридун Раҷабов, Заррина Бадалова, Саодат Сафарова ва Марҳабо Файзиева бозидаанд.

Намоиши мазкур инсонро водор месозад, то нисбат ба ҳаёт ва одамон муҳаббат дошта бошанд. Хатти намоишнома аз набудани ин неъмати бебањо миёни одамон ва самимият ҳарф мегӯяд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram