РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Самарқанд 145-солагии устод Айнӣ таҷлил шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хотири иширок намудан дар таҷлили 145 — солагии устод С. Айнӣ ба хона — музейи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд ташриф овард.

Бино ба иттилои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар он ҷо бо зиёиёни пешқадам, адибону шоирони шинохта ва омӯзгорону хонандагон мулоқот намуд. Сафир дар баромади худ аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек сухан гуфта, нақши устод С. Айниро дар ташаккули халқи тоҷик ва рушди илму адабиёти миллӣ бесобиқа арзёбӣ намуд.

Чорабиниро хонандагони мактабҳои тоҷикӣ шукуҳи тоза бахшиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram