РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Истаравшан Фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид

Бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандўзӣ, сўзанидўзиву гулдўзӣ, порадўзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ дар толори Маҷмааи Кохи Фирдавсӣ дар шаҳри Истаравшан Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар дар Фестивали мазкур якқатор меҳмонон иштирок намуда, сипас муаррифии маҳсули эҷоди довталабон, ки беш аз 120 нафарро ташкил медоданд аз рӯйи бахшҳои “Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ”, “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси қадимаи чакан”, “Беҳтарин либоси рӯзмарра”, “Беҳтарин либоси маросимии идона” ва “Беҳтарин либоси расмӣ” бо ҳам рақобат намуданд.

Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамот баъди азназаргузаронӣ ғолибонро муайян намуданд: ҷойи якум насиби Ҷӯраева Нигина тарроҳ аз литсейи касбии техникӣ, ҷойи дуюм насиби Носирова Саодат тарроҳи МТМУ 32 ва ҷойи сеюмро Азизова Сурайё аз ҷамоати деҳоти «Сабристон» деҳаи Ругунд ба даст оварданд.

Дар бахши “Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ” ҳунарманд Ҷабборова Мӯътабар аз ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон, Воҳидова Мусаллама, Усмонова Дилрабо, Қушназарова Нилуфар, Бобоҷонова Мунира мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Дар бахши кўдакон тамоми иштирокчиён ғолиб эътироф гардиданд.

Ғолибон бо диплом ва сипосномаҳои Раиси шаҳри Истаравшан сарфароз гардонида шуданд. Дар Фестивали мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр ва ҳамзамон тарбиягирандагони кӯдакистонҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯён бо суруду рақсҳои дилошӯб таъби иштирокдоронро болида гардониданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram