РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

РАСМАН: Рӯзи Иди Рамазон муайян шуд

18 — уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани рӯзи Иди Рамазон баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Шурои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шуроро ба муносибати фарорасии Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.
Сипас, Раиси Шурои уламо қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 21 апрел рост меояд.
Ичунин, тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6-30 дақиқа муайян карда шудааст.
Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram