РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот кард

17 апрели соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (бо қароргох дар Кувайт) Зубайдулло Зубайдзодаро мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ  Қосим ал-Аъраҷӣ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram