РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагон ҷамъбаст шуд

Рӯзҳои 14-16-уми апрели соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (олимпиада аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ, олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ) баргузор гардид, ки дар он мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар олимпиадаҳои мазкур 859 нафар хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2022 252 нафар (29,3%) зиёд аст. Дар озмун 219 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (19 нафар сазовори медали тилло, 31 нафар сазовори медали нуқра ва 169 нафар сазовори медали биринҷӣ) гардиданд.

Натиҷаи ҷамбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 80 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 13 медали нуқра ва 58 медали биринҷӣ), вилояти Суғд 58 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 12 медали нуқра ва 40 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон 48 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло ва 27 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 ҷойи ифтихорӣ (3 медали биринҷӣ) гардиданд.

Натиҷаи ҷамъбасти озмун маълум намуд, ки хонандагони ноҳияи Сино бо гирифтани 46 ҷойи ифтихорӣ (5 медали тилло, 6 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ) ҷойи якум, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифтани 19 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ) ҷойи дуюм ва ноҳияи Данғара бо гирифтани 17 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ) ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рошқалъа, Турсунзода, Фархор, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Истаравшан, Муъминобод, Носири Хусрав, Файзобод, Бӯстон, Ҷайҳун, Шаҳритус, Рушон, Дарвоз, Гулистон, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Темурмалик, Балҷувон ва Ишкошим сазовори ягон ҷойи ифтихори нагардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Истиқлол, Қубодиён, Роғун, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Мурғоб дар умум иштирок накарданд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони олимпиадаҳои мазкур пас аз ҷамъбасти олимпиадаҳо аз фанҳои гуманитарӣ дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram