РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба тарбиятгирандагони Интернати наздимактабии №24 деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардид

Туҳфаҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 44  тарбиятгирандаи Интернати наздимактабии №24-и деҳаи дурдасти Сипонҷи Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон, иборат аз либоси ягонаи мактабӣ ва варзишӣ тақдим карда шуд.

Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  туҳфаҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як тарбиятгиранда тақдим намуданд. Дар ин рӯз дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ низ манзури хонандагон гардид.

Дастгирию расонидани кумак  ба ниёзмандон, сила намудани сари ятимон, шод намудани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону шахсони ниёзманд яке аз хислатҳои ҳамидаи мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллат сарчашма мегирад.

Бояд гуфт, ки  давоми 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон шоистаи таҳсину офарин арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму бомаърифат гардидани ин табақаи ҷомеа тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Зимни тақдими туҳфаҳо таъкид карда шуд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат дастирии ниёзмандон ва парастории маъюбону оилаҳои ниёзманд мавқеи муҳим дошта, ҳамасола садҳо ҳазор тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳо аз кумакҳои Сарвари давлат бархурдор мегарданд.

Таъкид карда шуд, ки дар марҳилаи имрӯза 44 тарбиятгиранда, ки аз онҳо 21 нафар писар ва 23 нафар духтар мебошад, аз чунин ғамхорӣ баҳравар шуд.

Омӯзгорони Мактаб-интернати №24 деҳаи Сипонҷи Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои падарона дар ҳаққи ятимон миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки Сарвари давлат ҳамеша табиятгирандагонро дастгирӣ намуда, дар ҳар иду ҷашн бо туҳфаҳои арзишманди худ хотири онҳоро шод мегардонанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram