РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тарбиятгирандагони Интернати наздимактабии №26 дар Роштқалъа аз туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон бархурдор шуданд

Ба 55 тарбиятгирандаи Интернати наздимактабии №26-и ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.

Тибқи дастури Пешвои миллат барои тарбиятгирандагони муассиса  хони идона  ташкил гардида, аҳли ҳунари ноҳияи Роштқалъа барои фароғати тарбиятгирандагони интернат барномаи фарҳангӣ манзур намуданд.

Туҳфаҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сару либоси мактабӣ, пойафзол ва либоси варзишӣ иборат буда, ба   тарбиятгирандагони интернати наздимактабӣ тақдим карда шуд.  Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар  тарбиятгиранда туҳфаи  Пешвои миллатро супорида, ба онҳо ҳидоятҳои  роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакатро бобати соҳибкасб гардидан, таҳсили хуби илм, баҳрабардорӣ аз технологияи замонавӣ, омӯзиши  забони давлатӣ ва дӯст доштани Ватан, аҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таъкид  намуд.

Бояд гуфт, ки дар Интернати наздимактабии№ 26-и ноҳияи Роштқалъа 55 нафар ба таълим фаро гирифта шудааст, ки аз он 26 нафар писар ва 29 нафар духтар мебошад. 23 нафари онҳоро ятимон ташкил намуда, аз тамоми шароити барои таълим мувофиқ баҳравар мебошанд. Ҳамзамон 18 тарбиятгиранда аз оилаҳои ниёзманд буда, 3 нафари онҳо дорои имконияти маҳдуди ҷисмонианд. 11  тарбиятгиранда аз ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳияи Роштқалъа дар ин боргоҳи дониш ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар хобгоҳи интернати мактабӣ 17 нафар зиндагӣ дошта, барои будубоши онҳо  шароити зарурӣ фароҳам аст. Хобгоҳи тарбиятгирандагон дар фасли сарди сол  бо гармкунакҳои каммасрафи барқӣ таъмин буда, дорои ошхона аст, ки тарбиятгирандагонро бо  3 вақт ғизои гарм таъмин менамояд.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар  тарбиятгирандаи интернат суҳбати  самимӣ доир намуда, таъкид  намуданд, ки ҳар яки онҳо таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram