РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДДТТ “Ҳафтаи илм” оғоз гардид

19 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи “Ҳафтаи илм”, ки аз 19.04.2022 то 28.04.2022 идома меёбад, конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз ДДТТ хабар доданд.

Ҷаласаи пленариро ректори ДДТТ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, ҳозиринро бо оғози “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфта, доир ба Рӯзи илми тоҷик, нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми ватанӣ, рушду тавсеаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ гузаронидани озмуну маҳфилҳо, чорабиниҳои гуногуни илмӣ ва дигар масоили муҳим ибрози андеша намуд.

Инчунин, Хайрулло Назарзода ба муовини декан оид ба тарбияи факултети молия ва қарз Нигора Марупова, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Саҳбон Амонов ва муовини декан оид ба илм ва инноватсияи ҳамин факултет Олимхон Раҷабов, ки рисолаҳои илмиашонро бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардида буданд, ба миқдори чор ҳазор сомонӣ (ба ҳар яки онҳо) маблағи пулӣ тақдим кард.

Дар идомаи ҷамъомад муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов дар мавзӯи “Самтҳои асосии ташаккул ва рушди иқтисодиёти “сабз” дар шароити муосир”, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250111 – аудит ва ревизия Тӯрахонова Фараҳноз дар мавзӯи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, дотсенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, номзади илмҳои физикаю математика Назаралӣ Салимов дар мавзӯи “Технологияи рақамӣ – ҷаҳони шумо” ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 250112 – информатикаи иқтисодӣ Зулайхо Мирзоева дар мавзӯи “Аҳаммияти “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар ташаккул ва тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ” маърӯза карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram