РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд. Дар се моҳ 24 000 нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ боздид намудаанд

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 24 ҳазор нафар боздид намудаанд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин давра 920 нафар сайёҳони хориҷӣ аз вилоят дидан кардаанд.

Бояд таъкид кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 43 ширкати сайёҳӣ  ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 64 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши зиёда аз 7000 ҷой, 24 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 97 зиёратгоҳ, 132 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 22 боғи фарҳангию фароғатӣ, 30 ҳавзи моҳипарварӣ ва зиёда аз 1200 нуқтаҳои хӯроки умумӣ, аз қабили қаҳвахона, ошхона ва чойхона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мебаранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram