РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафари «Корвони китоб» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба роҳ монда мешавад

Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 24-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 тасдиқ гардидааст, сафари «Корвони китоб» ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд»-ро оғоз менамояд. Дар ин аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафари «Корвони китоб» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Гулистон, Конибодом, Истиқлол, Панҷакент, Бӯстон, Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Деваштич, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда мешавад.

Дар ин сафар аз ҳисоби «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 3 ҳазору 150 нусха китоб ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон, асарҳои назмиву насрии бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, бачагона ба тариқи ройгон ба 20 китобхонаи марказонидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram