РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳисор. Даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид

24 апрел дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо мақсади дар руҳияи зебоипарастӣ тарбия намудани бонувон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус, густариши ҳунари чакандӯзӣ байни занону духтарон, инчунин таҷассуми нақшу нигори миллӣ дар матоъ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин  бора аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Дар ҳамоиш тарроҳону чакандӯзон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, литсею коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилотию томактабӣ иштирок карда, ҷавондухтарон ва писарон намунаҳои зиёди либоси чакан ва пероҳану тоқиҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфтаи писаронаро, ки муаррифи фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон буд, ба намоиш гузоштанд.

Дар анҷоми  ҳамоиш ба беҳтарин муаррифони либоси миллӣ, тарроҳону чакандӯзон ва чаканпӯшон сипосномаю туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо истифода аз сарулибоси миллӣ барномаи рангини театриро иборат аз шеъру тарона ва рақсҳои ҷолиб пешкаши иштирокчиён намуданд, ки сазовори истиқболи гарму самимии тамошобинон гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram