РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хоруғ. ҳамоиши илмию амалӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ”

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, имрӯз дар бинои театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ” баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Қаландариён Ҳоким Сафар ифтитоҳ намуда, аз нақш ва хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории навини тоҷикон сухан кард.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар робита ба “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ВМКБ” бо ёдоварӣ аз воқеаҳои фоҷеабори солҳои 90 –уми асри гузашта ва баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии мамлакат зикр кард, ки дар он давра вазъияти аз лиҳози сиёсӣ мураккабу фавқулода роҳбареро тақозо дошт, ки дорои сифату хислати ба лидери воқеии сиёсию миллӣ хос ва тавонмандии андешаронии таҳлилии амиқ буда, қобилияти қабули қарори фаврию дурустро дошта бошад.

Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалии хоси тоҷикона, дурбинии сиёсӣ, идроки пурраи қонуниятҳои тараққиёти ҷомеа, ҳисси ҳолати равонию маънавии ҷамъият, бо истифода аз усулу роҳҳои оқилонаю сабуронаи ҳалли масоили давлатию ҷамъиятӣ, тавонистанд, рисолати таърихии худро иҷро намоянд. Таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуда, имрӯз ташаббускори ҳалли масъалаҳои доғи рӯзи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Таъкид шуд, ки ВМКБ, ки яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистони биҳиштосо мебошад, аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таҳти таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари ғамхор ва ватандӯсти худ қарор гирифт.

Бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани вилоят нақшаи идомаи корҳо дар сохтмони роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма тарҳрезӣ, 144 км шоҳроҳ бунёд, азнавсозӣ ва барқарор гардида, 83 купрук сохта шуда, мардуми заҳматкаши вилоят имконият пайдо намуд, ки тамоми сол бо дигар манотиқи кишвар, аз он ҷумла, бо пойтахти давлат-шаҳри Душанбе алоқаи коммуникатсионӣ дошта бошад.
Дар маҷмуъ, барои сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилӣ ва купрукуҳо дар ҳудуди вилоят 2 миллиард сомонӣ масраф гардидааст. Имрӯз бошад, бо маблағи зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ бунёди қитъаи шоҳроҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи ноҳияи Рӯшон, ба масофаи 92 киллометр идома дошта, лоиҳакашии шоҳроҳ аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон дар ҷараён қарор дорад.

Айни замон, раванди корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” – и ноҳияи Роштқалъа бомаром идома доранд. Бо дастгирии Роҳбари давлат барои корҳои бунёдӣ ва таъмири иншооти низоми энергетикии вилоят беш аз 1,2 миллиард сомонӣ равона шудааст. Дар радифи корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, ҳамчунин, бо кӯмаки Президенти кишвар, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 90 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёду таъсис ёфта, ҳазорҳо шаҳрванд соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар доираи эълон намудани “Солҳои 2022-2026- солҳои рушди саноат” бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 30 корхонаву коргоҳи саноатӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар мавриди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва амалӣ намудани стратегияи давлатии таъмини амнияти озуқавории кишвар, рушди бесобиқаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ҷодаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба квотаи Президентӣ фаро гирифтани духтарон аз деҳоти дурдаст, пешниҳоди грантҳо барои соҳибкорзанони фаъол, таъсиси корхонаву коргоҳҳо барои фаъолияти бонувон, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, вазъи сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлолият ва дигар масъалаҳои муҳимми ҳаёти ибрози андеша намуд.

-Мо боварии комил дорем, — зикр кард раиси вилоят, — ки дар заминаи ин дастовардҳои бузург, ки мардуми сарбаланду баору номуси Бадахшонзамин таҳти роҳбарию роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ноил гардиданд, дар асоси аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани марҳилаи нави рушди бесобиқаи ВМКБ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қодир ҳастем, ки то таҷлили бошукӯҳ аз 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, бо меҳнату ташаббус ва иқдомҳои навамон шаҳру ноҳия ва деҳоти худро боз ҳам зебою пешрафта мекунем.

Дар идомаи ҳамоиш ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбек Амид Ёрбек дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи нави Бадахшон” ва директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар дар мавзуи “Назаре ба гузориши алтернативии “фаъолон” – и диапораи Помир” маъруза намуданд.

Дар қисмати музокиравии ҳамоиш намояндагони касбу кори гуногун роҷеъ ба нақши шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баромад намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram