26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кори он шинос шуданд.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он барои кормандону мутахассисон шароити беҳтарини кору хизматрасонӣ муҳайё карда шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 54 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст ва 10 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.
Дар корҳои сохтмонӣ, ки моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида буд, 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Қаблан кормандону мутахассисон дар бинои кӯҳна фаъолият мекарданд, ки дар он шароити хуби корӣ мавҷуд набуд.
Бо дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташаму замонавӣ бо беҳтарин имконоти хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои пешбурди фаъолияти минбаъда самаранок истифода мегардад.
Дар ошёнаи якум, ғайр аз толори хурди маҷлисгоҳ, шуъба ва бахшҳои соҳавӣ, ҳуҷраи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҳамзамон барои сайқал додани дониши кормандон китобхонаи замонавӣ таъсис ёфтааст, ки дар он асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, рӯзномаву маҷалла ва китобҳои тозанашри адибону шоирон ва нависандагони классику муосир дар шакли чопӣ ва электронӣ мавҷуд аст.
Рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум яке аз ҳадафҳои асосӣ ва созандаи фаъолияти ҳизб ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ва суҳбати самимӣ бо кормандону мутахассисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ҷавонон, хосса масъулони соҳаро барои боз ҳам вусъат додани тадбирҳои ободонӣ ва беҳтар сохтани шароити хуби зиндагӣ ба сокинон ҳидоят намуданд.
Аз рӯи тарҳ дар ошёнаи дуюм, сеюм ва чоруми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон муайян шудааст, ки бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Маҷлисгоҳи барҳаво дар ошёнаи 5-уми бино ҷойгир буда, сақф ва девори он бо ҷалби ҳунармандон гаҷкорӣ ва бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст, ки барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо макони мувофиқ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо толори маҷлисгоҳи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Дар доираи корҳои ободонӣ бино ва ҳамаи ҳуҷраҳо бо системаи гармидиҳӣ таъмин гардид.
Фармоишгари иншоот Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Интергрупп” мебошад.
Гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ошхона ва коргоҳи хурди дӯзандагӣ дар таҳхонаи бино ҷойгир мебошад. Занону духтароне, ки айни ҳол дар коргоҳи навтаъсис фаъолият доранд, баъд аз гузаштан аз курсҳои омӯзишӣ ба кор қабул гардида, феълан онҳо мувофиқи дархост ба дӯхти сару либоси мактабӣ, миллӣ ва сару либоси ягонаи корӣ машғуланд. Бо ташкили коргоҳи дӯзандагӣ 12 зану духтар соҳиби ҷойи кори мувофиқ гардид.
Дар доирои корҳои ободонӣ саҳни бино сангфарш ва сабзазор гардида, ҳамзамон бо нишастгоҳҳо ва чароғакҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки ба намои рӯзона ва шабонаи маркази ноҳияи Данғара зебоӣ зам намудааст.