24 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба ҳафтаи илм конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушди устувори саноати миллӣ дар асоси амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”” баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазоррати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Нахуст муовини ректор оид ба илм ва татбиқот А. Ғафоров дар маросими ифтитоҳии конфренсия суханронӣ намуда, дар бораи кори конфронс ва аҳамияти он ба ҳозирин маълумот дод.
Сипас сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ниёзӣ дар маърузаи худ баргузории чунин як конференсияи бонуфузро доир ба “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва амалигардонии ҳадафи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида ба ҳафтаи илм иқдоми нек арзёбӣ намуд.
Пеш аз оғози конференсия дастовардҳои донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар толори китобхонаи илмии донишгоҳ ба ҳозирин рӯнамоӣ шуд.
Конфренсия 24.04.2023 оғоз ёфта, интизор меравад, ки то 27.04.2023 идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳафтаи илм ва бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар ҳамоишҳои илмӣ баргузор мегардад.