25 апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Давлат Шариф, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Насриддинзода Рамазон дар Кохи фарҳанг ва иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода бо кормандон ва масъулони раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанг ва маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумхуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Давлат Шариф дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба озмуни мазкур ва шиносоӣ аз муассисаҳои фарҳанги вилоят ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳамроҳӣ менамояд.
Қобили ёдоварист, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 №АП-329 дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» дар соли 2023 ба тасвиб расида, ба Низомномаи он тағйирот ворид гардид. Ин тағйирот — ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур мебошад, ки хушбахтона имсол натанҳо омӯзгорон ва донишҷӯён Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони қобилияти баланди эҷодӣ дошта, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок карда метавонанд.