РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту-2023» оғоз мешавад

27 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии  опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2023» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида мешавад.

Ҳадафи фестивал-озмун аз рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ иборат мебошад.

Дар Фестивал-озмун  18 театри касбии ҷумҳурӣ  иштирок карда, ба он беҳтарин намоишҳое пешниҳод мешаванд, ки  тӯли солҳои 2021-2022 рўи саҳна омадаанд. Натиҷагирии фестивал-озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мунаққидон ва коршиносони соҳаи театрии мамлакат гузаронида шуда, инчунин дар ҷараёни баргузории фестивал-озмун ду  ҳамоиш дар назар аст: «Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон».

Дар ин ҳамоишҳо андешаҳои мунаққидон ва театршиносон дар бораи асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшуда шунида мешаванд.

Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии   театрҳои касбӣ – «Парасту» анъанавӣ буда,  дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва  дар он театрҳои касбии  тамоми манотиқи мамлакат иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки маросими пӯшидашавии Фестивал- озмун 4   май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии  опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram