РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китоби «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд» рӯнамоӣ шуд

Дар маҷлисгоҳи бинои Шарқи Озод рӯнамоии китоби «Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд» бахшида ба 70-солагии журналисти варзида, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Бобоҷон Абдулвоҳидов баргузор гардид.

Дар рӯнамоии ин китоб рӯзноманигорони шинохта, адибон, шоирон, кормандони рӯзномаи «Садои мардум» ва дигар ҳаводорони илму адаб ширкат доштанд.

Гуфта шуд, ки Бобоҷон Абдулвоҳидов яке аз хабарнигорони ангуштшуморе буд, ки моҳияту ҳадафҳои шакли думаҷлисаи Маҷлиси Олӣ, сохтори он ва Парламентаризми тоҷикро хуб дарк мекард ва аз ҷараёни фаъолияти он гузоришу мақолаҳоеро бо камоли нуктафаҳмӣ рӯи коғаз меовард.

Дар идома дӯстону наздикон ва ҳаммаслакони Бобоҷон Абдулвоҳидов доир ба ҳаёту рӯзгори ӯ ёддоштҳояшонро баён карданд.

Парвина Самандарзода,

Радиои «Тоҷикистон»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram