РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди Чин мулоқот кард

25 апрели соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди ин кишвар Ло Чжаохуэй мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар зимн ҷонибҳо ба амалисозии саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои муштараки стратегии мавриди татбиқ қарордошта дар Тоҷикистон  таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, рақамикунонии иқтисод ва тиҷорат, энергетика/гидроэнергетика, саноат, нақлиёт, маориф, тиб, сайёҳӣ ва ғайраро муҳим арзёбӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram