РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия Денис Мантуровро ба ҳузур пазируфтанд

 27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия Денис Мантуровро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот масоили мухталифи шарикии стратегии ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, инчунин робитаҳои давлатҳои мо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои давлатҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карданд.

Ҳамкорӣ дар бахши саноати маъдантозакунӣ, металлургия, коркарди нафт, техникаи электронӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз самтҳои ояндадору судовари робитаҳо номида шуд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки саноати бофандагӣ, ташкили занҷираи ягонаи истеҳсолӣ, рушди бахши коркарди пахта, пӯст ва пашм бо ҷалби сармоя ва технологияи Русия зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram