РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯлоб. Озмуни «Ҳақназархонӣ» баргузор гардид

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба адабиёти пурғановати миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 60-солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб даври аввали озмуни «Ҳақназархонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Нахуст, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Саидова Д.Р. суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар давоми фаъолияти эҷодии худ барои адабиёти муосири тоҷик саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Ҳамчунин омӯзгорон Одиназода О.Ш., Раҳимов А.И., Шеравгани Ҷ., Фахриева Қиматбӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир маъруза пешниҳод намуданд.

Тибқи талаботи «Низомнома» аз рӯйи эҷодиёти шоири мумтози тоҷик Ҳақназар Ғоиб озмун мувофиқи шартҳои зерин: қироати порчаҳои шеърӣ, қироати порчаҳои насрӣ, ровигӣ ва сухандонӣ гузаронида шуд.

Дар озмун 14 нафар донишҷӯ фаъолона иштирок намуда, се нафар донишҷӯ, Мирзоева Зарина, Меҳронаи Камол, Файзова Дилноза ғолиби озмун дониста шуданд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб идома ёфта, он тибқи Низомнома ҷамъбаст мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram