Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё — «Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав», ки 24 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Русия оғоз ёфт, иштирок намуданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон харбор доданд.
Дар форум намояндагони 79 минтақаи Федератсияи Русия, 108 давлати ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони Фаронса, Олмон, Маҷористон, Чехия, Беларус, Чин, Корея, Ветнам, Ҳиндустон, инчунин 8000 донишҷӯ ва олими ҷавон иштирок кард.
Ҳамзамон дар доираи форум баргузории чорабиниҳо дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Намояндагони донишгоҳ дар бахшҳои алоҳидаи форуми мазкур иштирок ва маъруза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар вохӯрии намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, аз ҷумла Русия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ идома дорад.
Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё-«Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав» 28 апрел анҷом меёбад.