Намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ки аз 25 то 27 апрел таҳти унвони «Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ шуданд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Аз ҷумла, намояндагони донишгоҳ дар бахшҳои алоҳидаи он сазовори дастовардҳои назаррас гардиданд. Дар озмуни «Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» устоди факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Умед Муродзода сазвори ҷойи якум, дар озмуни «Амнияти иқтисодӣ аз нигоҳи ҷавонон: таҷрибаи ҷаҳонӣ» ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ Шоҳкарим Шабонов –– ҷои якум, дар самти ҳуқуқ ва тиҷорат: эволютсия ва инноватсия донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Муҳаммадҷон Иброҳимов сазвори ҷои якум гардиданд. Инчунин дар озмуни «Мушкилот дар услуби Тик-ток» донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Азиза Мамаҷонова ҷои якум, дар озмуни «Шаҳр: ояндаро кушоед» донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Снежелана Окилова низ сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Дар Форум 11 ҳазор намояндаи 44 давлат, аз ҷумла Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Перу, Эквадор, Аргентина, Фаронса, Олмон, Венгрия, Чехия, Беларус низ ширкат дошт.
Дар доираи форум баргузории чорабиниҳо дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.
Ҳамзамон имрӯз пахши маҷозии маросими мукофотсупории форум баргузор гардида, дастаи донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода қадрдонӣ карда шуд.