РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Номинатсияҳои нав воридшуда дар Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» шарҳу тавзеҳ дода шуд

28 апрели соли 2023 дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронида Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Семинарро муовини якуми вазири фарҳанг Назариён Обид ифтитоҳ намуда, вобаста ба сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи фарҳангу санъати миллӣ, ҳадафу талаботи низомномаи озмун ва тартиби баргузории он ибрози андеша намуд.

Сипас, шахсони масъул дар самти ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин, нозукиҳои талаботи низомномавии озмун ва номинатсияҳои нав воридшуда – санъати тасвирӣ ва дизайн ибрози назар намуда, барои дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ баргузор шудани озмун ва дигар тадбирҳои судманд аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram