РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандагони Хуҷанд ва Оренбург аз Умари Хаём ёд намуданд

Дар Гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мактаби таҳсилоти ҳамагонии «Мактаби Экодолия»-и вилояти Оренбурги Федератсияи Руссия чорабинии муштараки онлайнӣ таҳти унвони «Рӯзгори ибратбахши Умари Хайём» баргузор гардид. Мавзӯи меҳварии нишасти маҷозӣ ба 975 солагии ҳаёт, эҷодиёт ва фаъолияти яке аз чеҳраҳои калидии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, файласуф, шоир, риёзидон, астроном Умари Хайём бахшида шуда буд. Дар ин бора аз Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар конфронси маҷозӣ директори Мактаби миёнаи умумии «Мактаби Экодолия»-и вилояти Оренбург Галина Николаенко, сардори шуъбаи иҷтимоии вилояти Оренбург Елена Кишкина, консул-мушовири консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Максим Кобзар, муовини консули Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Никита Уточкин, котиби матбуотии «Хонаи русҳо дар шаҳри Хуҷанд» Юлия Вареха, директори маркази технологияҳои иттилоотии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дилором Солиева, омӯзгори лоиҳаи «Муаллими русӣ дар хориҷа» Фарида Ҳасанова ва хонандагону омўзгорони Гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзиданд.

Хонандагони Гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд дар бораи осор ва бозёфтҳои илмии шоир ва риёзидон Умари Хайём маълумот дода, саҳнаҳои ҷолиб аз зиндагиномаи шоир пешкаши ҳозирин намуданд. Ҳамзамон рубоиёти Умари Хайёмро зери садои охангҳои миллӣ ироа намуда, бо либосу анъанаҳои миллии замони шоир гуфторҳои ибратбахшу таъсирбахши ҳаётӣ қироат карданд.

Муҳассилини “Мактаби Экодолия”-и вилояти Оренбург низ рубоиёти маъруфи Умари Хайёмро замзама намуда, онро шарҳ доданд. Бо далелҳои ҷолиб таъкид доштанд, ки Умари Хайём файласуф ва шоири тавонои замони худ буд, ки ифтихори миллати кўҳанбунёди тоҷик аст.

Ширкаткунандагони чорабинии маҷозӣ нақшу баргузории чунин нишастҳоро баҳри муаррифии нобиғаҳои миллати тоҷик, муаррифии донишу хиради онҳо, омўзиши зиндагиномаи онҳо ва рушди муносибати халқҳои тоҷику русро дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон ва омўзгорон бояд чунин нишастҳои онлайнӣ байни ин ду мусссисаи пешрафта бештар гузаронида шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram