РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Истаравшан. Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шуд

Дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан маросими кушодашавии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Фируза Муъминзода муовини раиси шаҳри Истаравшан зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Озмун аз рўйи 6 номинатсия баргузор гашта, иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

— донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ;

— омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Гуфтан ба маврид аст, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври шаҳрии озмун барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат мегиранд.

Гуфта шуд, ки озмун аз 1 май оғоз гашта, он то 10-уми май ҷамъбаст карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram