РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Қуллаи мурод” ба саҳна гузошта шуд

Имрӯз дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Қуллаи мурод” аз Театри лӯхтаки “Афсона” – и шаҳри Бохтар дар таҳияи коргардон Абдураҳим Абдураҳмонов ба саҳна гузошта шуд.

Саҳни Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанберо фазои идона фаро гирифта буд ва кӯдакону наврасон бо рӯҳияи болида ба тамошои намоишнома омаданд. Намоишномаи “Қуллаи мурод” аз рӯи асари Тоҳир Мамадризоев таҳия гардидааст. Мазмуни намоишро мубориза баҳри ноил гаштан ба ҳадафҳои дарпешгузошта, дӯстӣ ва дӯст доштани табиат, ташкил медиҳад. Тавре Абдураҳим Абдураҳмонов коргардони намоишнома мегӯяд, мақсади мо аз таҳияи ин намоинома ба насли наврас нишон додани дӯстӣ ва фаҳмонидани он мебошад, ки ҳайвонҳои нодири кишварамон кадомҳоянду нобуд кардани онҳо аз тарафи шикорчиён амали хуб нест. Бахусус Бабри барфӣ, бисёр ҳам ҳайвони нодир мебошад.

Бояд гуфт, ки ба саҳна гузоштани намоишнома дар симои лухтак истеъдоди махсусро талаб менамояд. Зеро ҳар як харакат ва сухане, ки гуфта мешавад бояд ба тамошобини хурдсол фаҳмо ва қобили дарки ӯ бошад. Ба андешаи Анвар Олимов ҳунарманди Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, бартарияти театрҳои касбии лӯхтаки кишвар дар он аст, ки тамоми ҳодисаю воқеаҳо дарин намоишномаҳо ба таври рамзӣ пешниҳоди бинандагон гардонида мешаванд, ки ин насли наврасро ба фикр кардан водор месозад.

Ҳотам Салимов ҳунарманди Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҳадафи асосии баргузории фестивал – озмуни театрҳои касбӣ “Парасту” ин дидори ҳунармандон, динани ҳунар ва мубодилаи фикру андешаҳои касбии ҳамдигар мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар қаламрави кишварамон ҳамаги се театри касбии лӯхтак фаъолият менамоянд, ки инҳо Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри лӯхтаки “Афсона” – и шаҳри Бохтар ва Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон мебошанд. Ҳамин боис гардидааст, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар кӯдакону наврасон дар бораи театрҳои лӯхтак маълумот надоранду намоишҳои онҳоро боре ҳам тамошо накардаанд.

Сарвинози Сайдалӣ,

Радиои Тоҷикистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram