РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон — ордени «Алтин Қирон» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар шаҳри Остона дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акорда маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон «Алтин Қирон» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар пойтахти ин кишвари дӯст қарор доранд, баргузор гардид.

Дар оғози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Сарвари давлати мо бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид кард.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуда, онро қабл аз ҳама, ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.

Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш изҳори итминон намуданд, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила таъмиқу тавсеа хоҳанд ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram