РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кӯлоб. Озмуни шаҳрии “Ҳақназархонӣ” баргузор мешавад

Ба ифтихори 60-солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб таҳти сарпарастии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр дар соли 2023 Озмуни шаҳрии “Ҳақназархонӣ” баргузор мегардад. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва касбӣ (бакалавр, магистр) ва омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот иштирок карда метавонанд.

Озмун дар ду давр — аз моҳи апрел то моҳи декабри соли 2023 гузаронида мешавад. Ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram