Имрӯз, 10 май Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.