РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд

 Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Маҷлиси намояндагон сафари давлатии Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон рӯйдоди хотирмон номида, тазаккур дод, ки он ба рушди бемайлони ҳамкорӣ ва тақвияти дӯстӣ байни мардумони ду давлат мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар мулоқот ба рушд ва тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ бо Маҷлиси Туркманистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркманистон ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram