Барои мардуми сарбаланди тоҷик мояи ифтихор аст, ки аксари роҳбарони сиёсии дунё, аз ҷумла сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими давлатӣ эътироф ва дар бисёр чорабиниҳои сатҳи баланд ва сафарҳои кориву давлатӣ аз хидматҳои шоистаашон ба некӣ ёд мекунанд.
Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои бузург ва саршинос мебошанд, ки бо дониши баланди сиёсӣ, ҷаҳонбинии амиқи фалсафӣ, таҷрибаи давлатдорӣ, афкору андешаи пешқадам, ақидаҳои собитқадамона ва ибтикори шоиста на танҳо дар байни ҳамватанон, балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ шуҳрати беандоза пайдо кардаанд. Сарвари давлати мо ба сифати абармарди дунёи сиёсат эътироф гардида, аксари пешниҳодҳояшон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст. Чунин ибрози назар намудааст Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.
Дар идома муаллиф чунин менигорад:
— Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мансаби олии давлатӣ интихоб гардидан, пеш аз ҳама, ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакат хотима бахшида, вазъи сиёсиро дар саросари ҷумҳурӣ ба эътидол оварданд. Дар баробари ин мамлакатро аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ раҳо бахшида, истеҳсолотро ба роҳ монданд ва барои беҳтар шудани вазъи некуаҳволии аҳолӣ ҳамаҷониба талош намуданд. Ҳамзамон ба хотири рушди боэътимоди иқтисоди миллӣ ҳадафҳои судманду стратегӣ, аз қабили раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин намудани аҳолӣ ба неруи барқ ва озуқавориро эълон намуданд, ки дар натиҷа ин ҳадафҳо барои рушди соҳаҳои афзалятнок ва иҷтимоии мамлакат роҳи васеъ боз карда, Тоҷикистонро ба давлати рӯ ба рушд ва мутараққӣ табдил доданд. Ба ин низом расидани Тоҷикистонро аксар ташкилоти молиявӣ, байналмилалии ҷаҳонӣ ва шарикони рушд тасдиқ карда, борҳо дар гузоришҳои худ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат тараққиёти босуръати Ватани маҳбубамон ва хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро воқеъбинона таъкид намудаанд.
Дар ҳамин замина ба хотири арҷ гузоштан ба таърих ва анъанаҳои неки халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои устувор кардани пояҳои ҳокимият, таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи рамзҳои милливу давлатдорӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта, бо иштироки аксари аҳолӣ ва ба тариқи раъйпурсии умумӣ Конститутсия ва дигар санадҳои муҳимро қабул карда, ҷиҳати уствор кардан ва таҳким бахшидани ваҳдату субот ва давлатдории миллӣ ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардиданд. Роҳбари давлат борҳо бо пешниҳодҳои мушаххас баромад карда, дар мамлакат якчанд симпозиуму конфронсҳои сатҳи баландро бо иштироки олимони ватаниву хориҷӣ баргузор карданд, ки онҳо дар мустаҳкам гардонидани давлатдории миллӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва мустаҳкам шудани сохтори давлатӣ нақши арзишманд гузоштаанд.
Агар то замони Истиқлоли давлатӣ аз таърихи ҳукмронии сулолаи ориёиҳо, сосониҳо, тоҳириҳо, сомониҳо, ғуриҳо зумрае аз зиёиён ва олимон огаҳӣ доштанд, баъди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳ мондани барномаҳои илмӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ, таҳияву чопи китобҳо ва тарғиби таъриху фарҳанги куҳан аксарият рӯ ба омӯзиши гузаштаи худ оварда, аз саҳифаҳои пурифтихори халқи тоҷик огаҳӣ пайдо карданд ва бо омӯзиши сарчашмаҳои таърихиву адабӣ доираи ҳофизаи фарҳангии хешро васеътар намуданд. Дар муддати кӯтоҳ ҷашнҳои миллии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада умри дубора пайдо карда, мардум ба асолати ин ҷашнҳо сарфаҳм рафт ва онҳоро чун ҷуъзи фарҳанги ниёгони хеш пазируфта, дар зинда кардани рукнҳои дигар талош намуд.
Бо ташаббуси ин сиёсатмадори оқилу хирадманд дар ҷумҳурӣ Шӯрои ҷамъиятӣ, Шӯрои куҳансолон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ, Анҷумани “Пайванд”, Созмони ҷавонон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи якдилии сулҳ ва даҳҳо ташкилоти ҷамъиятиву давлатии дигар арзи ҳастӣ кард, ки раисии аксари ин созмонҳоро худи Роҳбари давлат бар уҳда гирифта, дар таъмини сулҳу субот, муттаҳидии халқ ва мустаҳкам кардани иқтидори милливу давлатӣ саҳми босазо гузоштанд. Имрӯзҳо созмонҳои мазкур дар атрофи Сарвари хирадманди худ ҷамъ омада, баҳри таҳкими давлатдории миллӣ талош доранд.
Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аксар сарони давлатҳо эътироф карда, пешниҳодҳояшонро дар масъалаҳои геосиёсӣ, аз ҷумла мушкилоти об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, гармшавии табиат, хориҷ шудани гази карбон, энергияи сабз ва бисёр проблемаҳои глобалии дигари сайёра ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Махсусан панҷ пешниҳоди Сарвари давлат доир ба мушкилоти об аз ҷумлаи иқдомотест, ки имрӯз барои аз хатари ҷиддӣ ҳифз кардани инсоният нақши созанда мебозанд. Ҳамаи ин ташаббусҳо, ки моҳияти умумибашарӣ доранд, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастгирӣ ёфта, дар заминаи онҳо конфронсу саммит, чорабиниҳои дигари илмиву амалӣ доир шуда, ба коҳиш ёфтани буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва табииву иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадор, ташаббускор, шахси кордону ботаҷриба, ходими фаъоли давлатӣ ва ҷамъиятӣ эҳтиром менамоянд ва хизматҳояшро ба таври шоиста қадр мекунанд.
Бахусус, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳнатқарину меҳмоннавози узбек заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, нақши он касро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародарона назаррас медонанд. Ҳамин хизматҳои Пешвои миллатро ба инобат гирифта, 17 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон- Ордени “Эл юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида, ба шахсияти он кас баҳои баланд доданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи мардуми тоҷик ва узбек саҳми босазо гузошта, муносибатҳои неки ҳамсоягиро таҳким бахшидаанд. Ҳамзамон дар тавсеаи робитаҳои гуногунҷабҳаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ барои рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон хизмати шоиста намудаанд. Президенти мамлакат дар баробари ин барои сулҳ, амният ва субот дар минтақа талош карда, ҷиҳати амалӣ шудани якчанд ташаббусҳои арзанда саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар шаш соли охир байни Тоҷикистон ва Узбекистон бо кӯшиши ду Сарвари хирадманд — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ ба маротиб боло рафта, беш аз 250 (аз аввали барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ зиёда аз 420) санади ҳамкорӣ ва қарордоду шартномаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расидаанд, ки ҳар кадом дар устувор намудани муносибатҳои дипломатӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ нақши назаррас бозидаанд. Ҳар ду Роҳбари дурандеш ва ояндабин хоҳони равобити дӯстонаву бародарона буда, ба рушди иқтисоди миллии ҳамдигар мусоидат карда, дар чорабиниҳои сатҳи балнди минтақавию ҷаҳонӣ ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба пешрафти кишвари ҳамсояву ҳамфарҳанги Узбекистони бародар муносибати хайрхоҳона дошта, хостори пешрафт ва тараққиёти он мебошанд. Он кас ҳамеша ба комёбиҳои кишвари ҳамсоя баҳои баланд дода, сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии ин давлатро дастгирӣ менамоянд ва тарафдори рушди бемайлони ҷумҳурии бародар мебошанд. Пешвои миллати мо дар бисёр масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Шавкат Мирзиёевро дастгирӣ намуда, аз сатҳи баланди муносибатҳои некбинона изҳори назар намудаанд. Дар масъалаи таъмини об ва тақсими одилонаи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушбин буда, ҷонибдори сари вақт таъмин кардани ҷумҳуриҳои минтақа бо об мебошанд ва дар аксар суханрониҳои сатҳи баланд ин андешаро баён карда, ҷиҳати амалӣ шудани ақидаҳояшон талош мекунанд ва шахсан рафти иҷрои онро назорат менамоянд.
Дар масъалаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷумҳурии бародари Узбекистон ҳамкории густурда ба роҳ монда, ҷиҳати табодули таҷриба ва доир кардани барномаҳои муштараки фарҳангӣ талош менамоянд ва ҷонибдори қувват гирифтани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ мебошанд.
Ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев низ баҳои баланд додаанд. Чунончи, 4 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев ба Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти баланди давлатӣ- Ордени “Алтин Қирон” тақдим намуданд.
Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим – Жомарт Токаев ҳангоми супоридани мукофоти давлатӣ саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон махсус таъкид карда, ҳар ду мамлакатро шарики стратегӣ эълон карданд. То ин давра Сарвари далат якчанд маротиба ба Қазоқистон ташриф оварда, дар мулоқоту ҷаласаҳои сатҳи баланд баромад намуда, якчанд созишномаву қарордодҳои муштарак ба имзо расонидаанд. Ба шарофати чунин ҳамкории густурда байни Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, гуманитариву фарҳангӣ рушд карда, тайи даҳ соли охир ҳар ду давлат ба муваффақияти назаррас ноил гардид.
Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод ва стратегӣ ҳамеша мамлакати моро дастгирӣ намуда, дар вазъияти мушкилтарин кумаки хешро аз Тоҷикистон дареғ надоштааст. Дар ҳамин замина корхонаҳои муштарак таъсис ёфта, гардиши молу маҳсулот байни ду ҷумҳурӣ ба маротиб боло рафтааст. Қазоқистон инчунин дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ба давлати мо кумак карда, ҳар сол барои Тоҷикистон беш аз сад квотаи давлатӣ ҷудо менамояд.
3-4 майи соли равон баргузор шудани Форуми иқтисодиву тиҷоратӣ дар шаҳри Остона ва ба имзо расидани созишномаву қарордодҳои нав ба рушди ҳамкории ду давлати бо ҳам дӯст мусоидат карда, муносибати дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба маротиб боло бурд. Дар амалӣ гардидани ин тадбирҳои муҳиму аввалиндараҷа саҳми Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас мебошад. Он кас пайваста кӯшиш менамоянд, ки байни ду мамлакат ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ густариш ёбад ва барои пешрафти кишварҳо манфиатбахш бошад.
Собиқ Президенти Туркманистон ва Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҳам нисбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хос дошта, борҳо дар суханрониҳояш дар Душанбе ва Ашқобод аз саҳми Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсӣ ва ташаббускор ёд кардааст. Махсусан мавсуф нақши Роҳбари Тоҷикистонро дар сулҳу субот ва амнияти минтақа муҳим арзёбӣ карда, ба фаъолияти сиёсиву иҷтимоии ӯ баҳои баланд додааст. Вай ҳангоми мулоқоти муштарак дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хизматҳои шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус таъкид карда, нахустин мукофоти олии давлатҳои Осиёи Марказӣ — “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” — ро ба он кас тақдим намуданд. Вай ҳамзамон саҳми шоистаи Президенти Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои ҳамсоя дар арсаи байналмилалӣ муҳим дониста, ба шахсияти сиёсиву иҷтимоияшон баҳои баланд додааст.
Дар давраи сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибат ва ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон хеле рушд карда, санадҳои зиёди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ба имзо расиданд, ки сабаби пешрафти муносибати дӯстонаву бародарона байни ду давлат гардид. Дар ин давра якчанд шартномаи дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расид, ки дар зиёд шудани ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот байни ду давлат саҳми муносиб гузошт.
Дар ин рӯзҳо, ки Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар доираи мулоқоту музокироти дуҷониба якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Умед аст, ки ин ҳуҷҷатҳои расмӣ ба рушди ҳамкории дуҷонибаи давлатҳоямон мусоидат карда, сабаби пешрафти муносибатҳои некбинона байни ду мамлакат ва минтақа хоҳад гашт.
Аз рӯйи таҳлили мутахассисони соҳаи сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ, дар ду даҳсолаи охир мақоми Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб боло рафта, аксар сарони кишварҳо он касро ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва ходими давлативу ҷамъиятӣ эҳтиром ва хидматҳои шоистаашонро қадр мекунанд.
Мардуми тоҷик хушбахт аз он ҳастанд, ки чунин Сарвари хирадманд ва дурандеш доранд ва аз дастоварду муваффақияташон ҳамеша ифтихор менамоянд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулода ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон