10-уми майи соли равон даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Зикр дошт, ки ин ибтикори созандаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, инчунин роҳандозӣ гардидани як қатор иқдомҳои маънавибунёд ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили ташкил ва гузаронидани озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» шаҳрвандони кишвар, хусусан сокинони вилояти Суғд бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд, ки ин далели маърифатпарварӣ мебошад.
Дар идома, Раиси комиссияи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии » Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминзода иттилоъ дод, ки сокинони шаҳри Истаравшан нисбат ба солҳои гузашта дар номинатсияҳо фаъолона иштирок варзиданд, ки ин далели маърифтапарварӣ ва китобхониву китобдӯстист.
Гуфта шуд, ки дар асоси Қарори раиси шаҳри Истарвшан 65 612 (шасту панҷ ҳазору шашсаду дувоздаҳ) сомонӣ барои қадрдонии ғолибон, омӯзгорону волидон ва корҳои ташкилӣ ҷудо карда шудааст. Бояд гуфт, ки аз рӯйи номинатсияҳо ва гурӯҳҳо онҳое, ки сазовори ҷойи якум мешаванд бо маблағи 1000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо маблағи 500 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 300 сомонӣ қадр карда мешаванд.