РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Нахустин маҳфил-викторинаи «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир гардид

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ нахустин маҳфил-викторинаи «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Иштирокчиён вобаста ба аҳамият ва нақши озмун дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон ибрози ақида намуда, афзуданд, ки мақсади маҳфил дарки ҳамаҷонибаи таърих ва ба Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» беҳтар омода намудани довталабон мебошад. Гуфта шуд, ки баргузории маҳфил дар баланд бардоштани тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ дар замиру ботини насли наврас нақши созгор хоҳад гузошт.

Дар идомаи маҳфил аз ҷониби таърихнигорон ба иштирокчиён доир ба мавзуи нахустин маҳфил – викторина саволҳо пешниҳод карда шуд, ки ба ҳар савол посухи мушаххас ва пурра пешниҳод гардид.

Маҳфил–викторинаи ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» хеле шавқовар ва пурмазмун сурат гирифта, дар он дӯстдорони таърихи пурғановати халқи тоҷик байни ҳам сабқат намуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram