Бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар толори намоишии Донишкада фестивали мӯди либос таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоиш ректори Донишкада- профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон –Ҳамидова Наргис, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе- Ашурова Дилрабо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ профессор- Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи фарҳанг, хусусан соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки чун анъанаи ҳамасола бахшида ба рӯзи таъсисёбии Донишкада фестивали мӯди либос таҳти ҳамин унвон баргузор карда мешавад. Баргузории фестивали мазкур метавонад имконияти хубе барои донишҷӯён ва магистрантони Донишкада барои муаррифии коллексияи либосҳои худ бошад.
Таъкид гардид, ки вижагии фестивали имрӯза дар он ба ҳисоб меравад, ки имрӯз зиёда аз 30 номгӯи беҳтарини коллексияҳои либос дар давоми 10-соли фаъолияти Донишкада ба намоиш гузошта мешаванд.
Омода ва муаррифӣ намудани коллексияҳои либос ин навъе аз имтиҳонест, ки дар он тӯли як сол донишҷӯёни ихтисоси дизайни костюм ва газвор, яъне дизайнерони ояндаи либос ва мӯд бурдубохти худро ба устодону меҳмонон ва ҳаводорони олами эҷод, манзур мегардонанд.
Аз коллексияҳои пешниҳодшудаи либосҳо дастаи либосҳои муаллифон Дилноза Қосимова “Интеграл”, Гулнамо Фатҳуллоева “Навои ситор”, Бибизуҳро Каримзода, “Ангезаҳои шарқӣ”, Паринамоҳ Бибиҳоҷиева “Ориёиям”, Ҳадиса Каримбердиева “Ситораи саҳарӣ”, Нозанин Раҳмонқулова “Маликаи Шарқ”, Муҳаббат Раҳматзода “Муъҷизаофар”, Парвина Неъматова “Рӯзу шаб” ва Рухшона Остонаева “Боре дар Париж” ба табъу завқи тамошобинон бештар писанд омаданд.
Хотирнишон намудан ба мавридаст, ки фестивали мазкур бо заҳмату талошҳои пайваста ва шабонарӯзи ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедраи «Тарҳрезии бадеии либос» ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд гуфт, ки ташкил ва баргузории чунин фестивалҳо – ин як навъ тарғиби зебоипарастӣ ва дар рӯҳияи зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон ба шумор меравад.
Дар охир муаллифони коллексияҳо аз ҷониби роҳбарияти Донишкада бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.