РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Шаҳраки Тахти Сангин – мероси бостонии халқи тоҷик» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шаҳраки Тахти Сангин – мероси бостонии халқи тоҷик» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори конфронс роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конфронс, ки дар толори мудаввари Осорхонаи миллӣ баргузор гардид, аз ҷониби гузоришдиҳандагон мавзуъҳои “Тахти Сангин – маркази динии Ориёнвейҷ”, “Ҳифз ва муаррифии Тахти Сангин дар даврони истиқлол”, “Тахти Сангин аз нигоҳи муҳаққиқони то инқилобии рус”, “Баргузории ҳафриётҳо дар ёдгории эллинистии Тахти Сангин дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайраҳо пешниҳод гардиданд.

Дар хотимаи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ миёни олимон, муҳаққиқон, бостоншиносон ва дигар иштирокчиён дар мавзуи “Шаҳраки Тахти Сангин – мероси бостонии халқи тоҷик” муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram