РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Ҷумҳурии Корея мулоқот кард

15 майи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати Ҷумҳурии Кореяро таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президенти он кишвар, котиби аршад оид ба сиёсати ояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Корея, Ҷанг Сун Мин ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона муҳокима гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram