РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи такрории ёдгории «Тахти сангин» ифтитоҳ гардид

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи такрорӣ (имитатсия)-и ёдгории «Тахти сангин», ки дар сатҳи баланд омода гардидааст, ифтитоҳ шуд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар маросими ифтитоҳи он намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Прзиденти мамлакат, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва меҳмонон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Тахти Сангин» ёдгории арзишманде аст, ки ба давраҳои Ҳахоманишиҳо, Мақдуниҳо ва Кушониён (асрҳои V то мелод ва II мелодӣ) тааллуқ дошта, бозёфтҳои нодири он бо номи «Хазинаи Амударё» то ба имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор дорад.

Ёдгории мазкур дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид карда шуд.


Дар робита ба ин, дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ имитатсияи ёдгории «Тахти Сангин» бо фарогирии як давраи муҳими таърихи халқи тоҷик омода гардид.

Қабл аз ифтитоҳи намоиш бо иштироки ҳунармандони касбии мамлакат саҳначаи театрӣ, ки таҷассумгари як саҳифаи таърихи ин ёдгорӣ мебошад, ба намоиш гузошта шуд.

Ифтитоҳи имитатсияи ёдгории «Тахти Сангин» дар Осорхонаи миллӣ заминаи мусоид барои шинос шудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таърихи қадимӣ буда, имкон медиҳад, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ бештар воқиф гарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram