РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷерардо Колелла дар Театри давлатии академии опера ва балети Душанбе операи «Кармен»-ро ба саҳна мегузорад

Дирижёр ва композитори    маъруфи ҷаҳонӣ дар минбари оркестри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ қарор мегирад.  Дар ин бора аз театри мазкур хабар доданд.

Итолиёвии маъруф дар таҳияи операи Ҷорҷ Бизе «Кармен» ба забони асл иштирок мекунад, ки нахустнамоиши он 8 июн, соати 18.00 баргузор мешавад.

Ҷерардо Колелла хатмкардаи Консерваторияи Милан ба номи Ҷузеппе Верди мебошад, ки дар он ҷо аз овони ҷавонӣ  маҳорати боистеъдоди худро чун дирижёри хор ва оркестр сайқал дода, инчунин композитсияҳои худро муаррифӣ кардааст. Ҳунарҳои Колелла ва ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ танҳо бо мусиқӣ маҳдуд намешавад — вай Донишгоҳи давлатии Миланро ҳамчун мутахассиси таърихшинос хатм кардааст.

Ин сафари аввалини дирижёри италиявӣ ба Тоҷикистон нест. Шуруъ аз соли 2009 ӯ тайи чанд сол дар Театри давлатии академии опера ва балет ба сифати дирижёр кор карда буд. Дар ин муддат ба тамошобинони тоҷик спектаклҳои ҷолибе пешкаш карда шуд, ки бо  мусиқии беназири худ ба репертуари ватанӣ ворид гардиданд.

Бояд гуфт, ки «Кармен»- операи Ҷорҷ Бизе дар чор саҳна буда, нахустнамоиши он 3 марти соли 1875 дар  «Опера-Комик»-и Париж доир гардида буд. Либретточиёни опера Анри Меляк ва Людовик Галеви буда, сужа аз рӯи новеллаи ҳамноми Проспер Мериме таҳия шуда буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram