РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши «Нигоҳи ман» ифтитоҳ гардид

17 майи соли 2023 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, бахшида ба 10–солагии таъсисёбии Донишкада намоиши асарҳои эҷодии омӯзгори ҷавони кафедраи тарҳрезии бадеии либос таҳти унвони «Нигоҳи ман» баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоиш асарҳои рассомӣ, ки дар давоми 10 соли фаъолияти эҷодии рассом Абдуазизов Давлат тасвир шуда буданд, ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоиш ректори Донишкада, меҳмонон аз Федератсияи Россия, омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи тарҳрезии бадеии либос, Арбобони санъат ва дигар намояндагони самти санъати тасвирӣ ва дизайни ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Намоиш то 15 июни соли 2023 идома хоҳад ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram