РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бозсозӣ мегардад

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои​ ​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати 115-солагии таърихшиноси номии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров таъмиру бозсозӣ карда мешавад.

Тавре аснои боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз​ Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд, фармоишгари корҳои таҷдиду бозсозӣ Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ «Комрон» аст.​

Тибқи лоиҳа иншоот бо истифода аз санъати меъмории миллӣ навсозӣ гардида, саҳни осорхона бо гулгашту фаввораҳои зебо ороиш хоҳад ёфт. Айни замон 15 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардида, дар асоси дархост устоҳои халқӣ низ дар навсозии иншоот ҷалб карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram