Дар асоси питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ, ки 14-уми феврали соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” баргузор гардид, лоиҳаи филмномаи “Захм”-и коргардони ҷавон Ватандор Шеров мавриди баррасию муҳокима қарор гирифта, бо қарори комиссияи интихоби лоиҳаҳои синамоӣ барои филмбардорӣ тавсия дода шуд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд.
Дар ин замина, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” филми ҳунарии кӯтоҳи “Захм”-ро бо коргардонии Ватандор Шеров рӯйи навор овард.
Шаробхорагию ҷӯрабозии падар, ҳамчун сарвари оила ба дунёи ботинию зоҳирии фарзандон таъсир карда, оқибати ногуворе хоҳад дошт.
Ба рафтори ноҷойи падару рафиқонаш пайравӣ кардани духтарча, ки боиси таассуфу надомат мебошад, муҳтавои филмро дар бар мегирад.
Давомнокии филм 5 дақ. 37 сония, муаллиф ва коргардони таҳиягар Ватандор Шеров, наворбардор Шамшод Сиддиқов, оҳангсоз Фарҳод Зикир, танзимгар Нодир Нозимов, директори филм Идиев Субҳон мебошад.
Ҳунарпешаҳо Аҳлиддин Ҳасанов, Саодат Сафарова ва Бибиоиша Эгамназарова нақшҳои асосии филмро иҷро кардаанд.
Филм хусусияти тарбиявию ахлоқиро доро буда, барои доираи васеи алоқамандони синамо пешбинӣ шудааст.
Филм рӯзҳои наздик барои намоиш ба ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод мегардад.